Савол № 02986

Мо айни замон дар Руссия қарор дорем ва дар як корхона кор мекунем. Дар ин корхона ду нафар марду зан мехоҳанд бо ҳам зиндагии якҷоя барпо кунанд. Илтимос мегуфтед, ки тариқи никоҳи мусулмонии онҳо бояд чи гуна гузарад, то ин ки ман никоҳи онҳоро анҷом диҳам.

Савол:

Ассалому алейкум. Ман як савол доштам, Мо айни замон дар Руссия қарор дорем ва дар як корхона кор мекунем. Дар ин корхона ду нафар марду зан мехоҳанд бо ҳам зиндагии якҷоя барпо кунанд. Илтимос мегуфтед, ки тариқи никоҳи мусулмонии онҳо бояд чи гуна гузарад, то ин ки ман никоҳи онҳоро анҷом диҳам.

Беҳрўз.

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, бояд марду зан дар як маҷлис қарор дошта бошанд. Дар ҳузури ду шоҳиди оқилу болиғ зан тану нафсашро ба мард мебахшад ва мард тану нафси занро ба зани қабул мекунад. Яъне, (зан мегўяд: “ман фалони бинти фалонӣ тану нафсамро ба фалонӣ ибни  фалонӣ бахшидам” ва мард мегўяд: “ман фалонӣ ибни фалонӣ тану нафси фалонӣ бинти фалониро ба занӣ қабул кардам”), Агар Шумо хутбаи никоҳро медониста бошед хонед хуб мешавад ва агар намединиста бошед сураи фотиҳаро хонед кифоя аст.

2024-07-15
462
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:03
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:12
Хуфтан18:42