Савол № 02996

Гушти ҳайвонҳои гавазн, лоси (мисли гавазн шохҳои мисли барг паҳн дорад) дар шариат ҳалолан ё ҳаром .Мурғҳое, ки дар мағозаҳо мефурушанд, хурданашон дуруст аст ё не. Забҳе, ки ғайримусалмон мекунад, ҳалол аст ё ҳаром?

Савол:

Ассалому алейкум. Ман якчанд савол доштам.  1. Гушти ҳайвонҳои гавазн, лоси (мисли гавазн шохҳои мисли барг паҳн дорад) дар шариат ҳалолан ё ҳаром 2.Мурғҳое, ки дар мағозаҳо мефурушанд, хурданашон дуруст аст ё не 3. Забҳе, ки ғайримусалмон мекунад, ҳалол аст ё ҳаром?

Саволдиҳанда.Шараф.

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, 1. Гушти гавазн ва лос ҳалол аст. 2. Гушти мурғҳое, ки дар мағозаҳо фурухта мешавад ва ба тариқи исломӣ забҳ гардидааст ва тамғаи “Ҳалол” дорад, хурданаш ҷоиз аст, вале тақво кунӣ хубтараст. 3. Забҳи аҳли китоб ҳалол аст, вале макрўҳ аст.

2024-08-02
508
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:03
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:12
Хуфтан18:42