Савол № 02999

Савоб ва баракати намози бомдодро мегуфтед.

Савол:

Суол: Ассалому алейкум. Ман як савол доштам.  Савоб ва баракати намози бомдодро мегуфтед.

Саволдиҳанда.Фаррух

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, ҳамаи намозҳо барокот ва савоби бисёр дорад. Зеро Худованд мефармояд: Шумо ҳамаи намозҳоро ҳифз кунед ва дар вақташ адо намоед.

Роҷеъ ба фазилати намози бомдод Умм-ул-муъминин Оиша (р) ривоят мекунанд, ки Паёмбар (с) фармуданд: «Ду ракаъат (суннати) намози бомдод беҳтар аз дунё ва ончики дар он аст.» (Ривояти имом Муслим).

Инчунин дар дигар ҳадис Паёмбар (с) мефармоянд: «Шахсе намози бомдод ва асрро бихонад дохили ҷаннат хоҳад шуд.» Дар ҳадиси дигаре омадааст, ки Паёмбар (с) фармудаанд: «Дохили дӯзах намешавад шахсе, ки пеш аз тулуъ ва нишастани офтоб намоз бихонад. (пеш аз тулўи офтоб, яъне намози бомдод ва пеш аз нишастани офтоб намози аср мебошад)»

Дар дигар ҳадис Паёмбар (с) мефармоянд: «Фариштагони шаб ва фариштагони дигар рӯзро ба навбат бо шумо ба сар мебаранд. Ва ҳангоми намози субҳ (бомдод) ва аср бо ҳам ҷамъ мешаванд. Сипас фариштагоне, ки шабро назди шумо сипарӣ кардаанд, ба сӯи арши Иллоҳӣ мераванд. Худованди мутаъол бо вуҷуде, ки ҳоли бандагонашро беҳтар медонад, аз онон мепурсад: Вақте омадед, бандагони маро дар чӣ ҳол дидед? Фариштагон дар ҷавоб мегўянд: Парвардигоро! Ҳангоме, ки назди онон рафтем ва замоне, ки аз онҳо ҷудо шудем, машғули намоз хондан ва ибодат буданд». (Ривояти имом Бухорӣ)

2024-08-02
571
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:49
Пешин12:40
Аср15:12
Шом17:10
Хуфтан18:40