Савол № 03006

Агар шавҳар дар ҳолати ғазаб, ки фарқи осмону заминро намефаҳмад, ба занаш гўяд, ки “даҳ талоқ, панҷоҳ талоқ” оё талоқ воқеъ мешавад? Дар як ҷо хонда будам, ки агар одам табиатан дар вақти ғазаб чӣ гуфтанашро надонад, ақлаш қулф шудааст, аз ин рў, талоқаш воқеъ намешавад. Оё ин дуруст аст?

Савол:

Ассалому алайкум. Агар шавҳар дар ҳолати ғазаб, ки фарқи осмону заминро намефаҳмад, ба занаш гўяд, ки “даҳ талоқ, панҷоҳ талоқ” оё талоқ воқеъ мешавад? Дар як ҷо хонда будам, ки агар одам табиатан дар вақти ғазаб чӣ гуфтанашро надонад, ақлаш қулф шудааст, аз ин рў, талоқаш воқеъ намешавад. Оё ин дуруст аст?

Фарида

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Хоҳари азиз, агар дар ҳақиқат ҳолати ғазаб ба ҳадде бошад, ки замину осмонро фарқ карда натавонад, суханаш эътибор надорад, вале барои эҳтиёт таҷдиди никоҳ бояд кард.

2024-11-08
253
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:05
Пешин12:40
Аср15:16
Шом17:14
Хуфтан18:44