Савол № 03007

Ман бо як миқдор маблағ аз биноҳои навсохт хона харида будам, вале сохтмони он бисёр тўл кашид, бинобар ин маблағи дигаре ҷамъоварӣ карда, боз аз бародаронам қарз гирифтам ва хонаи дигар харидам ва алҳол он ҷо зиндагӣ мекунам.

Савол:

Ассалому алайкум. Ман бо як миқдор маблағ аз биноҳои навсохт хона харида будам, вале сохтмони он бисёр тўл кашид, бинобар ин маблағи дигаре ҷамъоварӣ карда, боз аз бародаронам қарз гирифтам ва хонаи дигар харидам ва алҳол он ҷо зиндагӣ мекунам. Аз сабаби он ки сохтмони хонаи аввал панҷ сол давом кард, онро бо як маблағи муайян фурўхтам. Аз вақти фурўхтанам се-чор моҳ гузаштааст. Оё дар ин маблағ бар ман закот воҷиб шудааст? Агар воҷиб шуда бошад, оё метавонам, ки як қисмати закотро ба як хешованди қарздорам ва қисмати дигарашро барои таҳсили фарзанди бародарам диҳам?

Фаррухшоҳ

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, агар шумо қарздор бошед, аз он маблағ миқдори қарзатонро тарҳ кунед, агар миқдори боқимонда ба ҳадди нисоб баробар шавад, пас аз гузашти як сол аз он закот диҳед. Пардохти закот ба хешованд ё бародарзода дуруст аст.

2024-11-08
197
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:03
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:12
Хуфтан18:42