Савол № 03042

Ҳангоми дар намози ҷамоат будан ба сабаби хориҷ шудани вадӣ дар таҳорат шубҳа афтад, намоз дуруст мешавад ё ки бо таҳорати нав намозро аз сар гузоридан лозим аст?

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Ҳангоми дар намози ҷамоат будан ба сабаби хориҷ шудани вадӣ дар таҳорат шубҳа афтад, намоз дуруст мешавад ё ки бо таҳорати нав намозро аз сар гузоридан лозим аст?

Ҳомидзода

 

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, то вақте ки ба хориҷ шудани вадӣ яқин надошта бошед, намози шумо ҷоиз аст, вале беҳтар аст, ки таҳорати тоза карда намозро аз сар гузоред.

2025-03-06
340
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:07
Пешин12:40
Аср17:17
Шом19:16
Хуфтан20:46