Савол № 03045

Ман 42 сол дорам ва ҳомилаам. Ду ҳафта пас ҳамлам шашмоҳа мешавад. Аз ҳисоби камхунӣ набзам паст аст, 90 ба 50 ё 80 ба 40 аст. Ҷойи нишастам дар ошёнаи чорум, дар вақти баромадан дам гирифта меравам. Ҳуҷҷатҳоро аз як бино ба бинои дигар мебарам, хаста мешавам ва пеши чашмонам сиёҳӣ мегирад. Оё дар ин ҳолат ман рўза гирам ё не?

Савол:

Ассалому алайкум. Ман 42 сол дорам ва ҳомилаам. Ду ҳафта пас ҳамлам шашмоҳа мешавад. Аз ҳисоби камхунӣ набзам паст аст, 90 ба 50 ё 80 ба 40 аст. Ҷойи нишастам дар ошёнаи чорум, дар вақти баромадан дам гирифта меравам. Ҳуҷҷатҳоро аз як бино ба бинои дигар мебарам, хаста мешавам ва пеши чашмонам сиёҳӣ мегирад. Оё дар ин ҳолат ман рўза гирам ё не?

Дилбар

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Хоҳари азиз, ҳоли шумо ба худатон маълум аст, агар шумо бемор бошед, иҷозат аст, ки рўзаро бихўред ва баъд аз сиҳҳат шуданатон қазои онро бидоред.

2025-03-18
717
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:09
Пешин12:40
Аср15:28
Шом17:35
Хуфтан19:05