Савол № 03078

Барои чӣ нисоби закотро ба андозаи 85 гр тилло ҳисоб намекунед, чунки 85 гр тилло тақрибан 60000 сомонӣ мешавад, аммо дар сомонаи Шўрои уламо нисоби закот 36000 сомонӣ муқаррар шудааст. Ман 4000 доллар дорам, ки як сол аз он гузаштааст, аммо ба 85 гр тилло баробар нест.

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Барои чӣ нисоби закотро ба андозаи 85 гр тилло ҳисоб намекунед, чунки 85 гр тилло тақрибан 60000 сомонӣ мешавад, аммо дар сомонаи Шўрои уламо нисоби закот 36000 сомонӣ муқаррар шудааст. Ман 4000 доллар дорам, ки як сол аз он гузаштааст, аммо ба 85 гр тилло баробар нест.

Шарофиддин

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, шумо ба уламо ва аҳли тахассус эътимод кунед ва бо ҳисоби муқарраркардаи Шўрои уламо амал кунед, айни ҳол соҳиби нисоб ҳастед, зеро пулатон бештар аз 36000 сомонӣ аст ва як сол ҳам аз он гузаштааст, бинобар ин пардохти закот бар шумо воҷиб аст.

2025-04-23
70
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:54
Пешин12:40
Аср17:25
Шом19:24
Хуфтан20:54