Савол № 03094

Оё Зулқарнайн дар ҳақиқат Куруши Кабир – шоҳи якуми Империяи Форс, яъне империяи Ҳахоманишиҳо аст?

Савол:

Оё Зулқарнайн дар ҳақиқат Куруши Кабир – шоҳи якуми Империяи Форс, яъне империяи Ҳахоманишиҳо аст?

Маҳмудҷон

Ҷавоб:

Ассалому алайкум. Бародари азиз, тибқи ривоятҳо Зулқарнайн номи подшоҳи одиле аст, ки бо Хизр (а) ҳамсуҳбат будааст. Сабаби Зулқарнайн номида шуданаш ин аст, ки ў шарқу ғарби заминро паймудааст ё ин ки дар тоҷаш ду шох доштааст. Дар пайғамбар будани ў уламо ихтилофи назар доранд. Аксари уламо ўро шоҳи одил медонанд. Дар мавриди шахсияти Зулқарнайн муаррихон ва муфассирон назарҳои мухталиф доранд. Бинобар қавле Зулқарнайн ҳамон Искандари Юнонӣ, ба қавле Абўкариби Ҳимярӣ, ба қавле Куруши Кабир аст. Аммо назари бархе муаррихон ин аст, ки Зулқарнайн подшоҳи одиле буда, ки дар замони ҳазрати Иброҳим (а) зиндагӣ кардааст. Ба ҳар ҳол, насси қуръонӣ дар бораи шахсияти Зулқарнайн ва замону макони ў чизе намегўяд, зеро ҳадаф ибрат гирифтан аз достони ўст ва бо ҳамин миқдор ин ҳадаф ҳосил мешавад.

2025-05-01
98
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:42
Пешин12:40
Аср17:35
Шом19:34
Хуфтан21:04