Савол № 03115

Марде, ки духтари занашро аз шавҳари қаблиаш бо шаҳват оғўш бигирад ё бо ў зино кунад, оё занаш бар ў ҳаром мегардад?

Савол:

Ассалому алайкум. Марде, ки духтари занашро аз шавҳари қаблиаш бо шаҳват оғўш бигирад ё бо ў зино кунад, оё занаш бар ў ҳаром мегардад?

Носир

 

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, дар сурати мазкур ҳамсари ин мард бар ў ҳаром мегардад. Дар китобҳои фиқҳӣ роҷеъ ба ин масъала чунин меорад: “Агар шахсе бо зане зино кунад ё бо шаҳват ба ў даст расонад, модар ва духтари он зан бар ў ҳароми муаббад мегардад”. Ногуфта намонад, ки аз нигоҳи шариат ва ақли солим амали мазкур гуноҳи кабира ва кирдори бисёр қабеҳ ва ноҷавонмардона аст, ки наҳсиву бебаракатӣ ва паёмадҳои ногувор дорад.

2025-08-01
169
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:07
Пешин12:40
Аср17:13
Шом19:13
Хуфтан20:43