Савол № 03128

Дар бораи ин дуо камтар маълумот медодед, ки онро чӣ хел ва чанд бор хондан даркор аст. Агар хато навишта бошам, онро ислоҳ кунед. «Аъузу биллоҳи ва қудратиҳи мин шарри мо аҷиду ва уҳозиру».

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Дар бораи ин дуо камтар маълумот медодед, ки онро чӣ хел ва чанд бор хондан даркор аст. Агар хато навишта бошам, онро ислоҳ кунед. «Аъузу биллоҳи ва қудратиҳи мин шарри мо аҷиду ва уҳозиру».

Ҳикматуллоҳ

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, дар ҳадиси шариф аз Усмон ибни Абулос ривоят шудааст, ки ў аз беморие, ки дар вуҷудаш эҳсос мекард, ба Расули Худо (с) шикоят намуд. Паёмбар (с) ба ў фармуданд: “Дастатро ба ҷое, ки дар вуҷудат дард мекунад, бигзор ва се бор “Бисмиллоҳ” бигў ва боз ҳафт бор бигў: «Аъузу бииззатиллоҳи ва қудратиҳи мин шарри мо аҷиду ва уҳозиру». Яъне, паноҳ меҷўям ба иззату қудрати Паврардигор аз шарри он чи меёбам ва аз он метарсам. Ба шарофати дуои мазкур дард бартараф мешавад.

2025-08-04
68
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:50
Пешин12:40
Аср17:35
Шом19:36
Хуфтан21:06