Савол № 03158

Тарзи дурусти хондани намози таровеҳ барои занҳо чи гуна аст. Ҷамоати занҳо имоми зан бояд дошта бошанд ва имом дар пеши саф меистанд ё дар баробари муқтадиҳо. Муқтадиҳо ба имоми зан чи гуна ният мекунанд?

Савол:

Ассалому алайкум. Моҳи шарифи Рамазон муборак бошад. Тарзи дурусти хондани намози таровеҳ барои занҳо чи гуна аст. Ҷамоати занҳо имоми зан бояд дошта бошанд ва имом дар пеши саф меистанд ё дар баробари муқтадиҳо. Муқтадиҳо ба имоми зан чи гуна ният мекунанд?

Ҳанифа

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Хоҳари азиз, занҳоро ҷамоат карданашон макрӯҳ аст, вале мабодо ҷамоат кунанд имоми занҳо мисли мардҳо пеш намеистад, балки дар баробари онҳо меистад.

2026-03-11
180
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:36
Пешин12:40
Аср16:55
Шом19:01
Хуфтан20:31