Савол № 00317

Шахсеро бидуни намози ҷаноза дафн намуданд, оё хондани намози ҷаноза бар болои қабраш дуруст аст ё на?

Савол:

Ассалому алайкум. Шахсеро бидуни намози ҷаноза дафн намуданд, оё хондани намози ҷаноза бар болои қабраш дуруст аст ё на?

Ҷавоб:

Агар гумон равад, ки ҷасади мурда вайрон шудааст, дар ин сурат намози ҷаноза бар вай хондан дуруст нест, аммо пеш аз вайрон шудан дуруст аст. Бояд донист, ки вайрон шудани ҷасади мурда ҳадди муайяне надорад, чунки вайрон шудани ҷасад ба фарбеҳӣ ва харобӣ, гармию сардии ҳаво ва макони дафн вобастагӣ дорад. Олимон мегӯянд, ки агар аз дафн се рӯз нагузашта бошад, намози ҷанозаро бар вай хонанд ва агар аз се рӯз зиёд шуда бошад, пас коршиноси замин онро муайян карда метавонад. (“Дуррул-мухтор”, ҷ.1, саҳ. 827, боби “Салоти ҷаноза”)

2016-02-26
3606
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:06
Пешин12:40
Аср15:30
Шом17:27
Хуфтан18:57