Савол № 00318

Оё дар дохили қабристон намози ҷаноза гузоридан ҷоиз аст ё не? Чунки дар баъзе минтақаҳо дар дохили қабристон мардум ҷаноза мехонанд.

Савол:

Домуллои муҳтарам. Оё дар дохили қабристон намози ҷаноза гузоридан ҷоиз аст ё не? Чунки дар баъзе минтақаҳо дар дохили қабристон мардум ҷаноза мехонанд.

Ҷавоб:

Агар дар дохили қабристон ҷои холӣ бошад ва дар пешорӯи намозгузорон қабр набошад ё ин ки қабр мавҷуд буда, вале аз чашми намозгузорон дуртар бошад, дар ин сурат намози ҷаноза бекароҳият дуруст аст. Дар ғайри ин сурат макрӯҳ аст, чунки аз Имом Абуҳанифа нақл аст, ки фармуданд: “Намози ҷаноза хондан дар байни қабрҳо писандида нест”. (“Бадоеус-саноеъ”, ҷ. 1, саҳ. 315, боби “Салоти ҷаноза”).

2016-02-26
3805
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:06
Пешин12:40
Аср15:30
Шом17:27
Хуфтан18:57