Савол № 00324

Далели имон ба шафоат кадом аст?

Савол:

Далели имон ба шафоат кадом аст?


 

Ҷавоб:

Худованд дар китобаш ба масъалаи шафоат бисёр зикр намудааст. Аз ҷумла, дар сураи “Зумар”, ояти 44, сураи “Бақара”, ояти 255, сураи “Юнус”, ояти 3, сураи “Наҷм”, ояти 26 ва ғайра. Худованд фақат барои аҳли тавҳид ва ихлос шафоатро мепазирад. Аммо барои ғайри тавҳид ва ихлос чунин мефармояд: Пас, шафоати шафоаткунандагон барои онҳо суд надиҳад”. (Сураи “Муддассир”, ояти 48)

Расули Худо (с) ба мо хабар додааст, ки ба ӯ мақоми шафоат дода шудааст, ӯ фардои қиёмат меояд, зери арши Худо саҷда мекунад ва Парвардигорро бо ҳама авсофаш ҳамду сано мегӯяд, пас ба ӯ гуфта мешавад: “Саратро бардор ва бипурс, то дода шавӣ, шафоат кун, то шафоатат пазируфта шавад”. (Ривояти Бухорӣ ва Муслим) Абӯҳурайра (р) аз Расули Худо (с) пурсид: “Некбахттарини мардум ба шафоати шумо кист?” Пайғамбар (с) фармуданд: Ҳар касе, ки аз самими қалбаш холисона “Ло илоҳа иллаллоҳ” гӯяд”.
 

2016-03-12
3923
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:04
Пешин12:40
Аср15:15
Шом17:13
Хуфтан18:43