Савол № 00325

Домуллои муҳтарам, вақтҳои охир гурӯҳе аз ҷавонон се дуои баъди намозҳои панҷгонаро бидъат шуморида, пас аз итмоми намоз дарҳол аз масҷид хориҷ мешаванд. Оё то кадом андоза ин даъвои онҳо дуруст аст ва дуо кардан пас аз намоз ва даст молидан бар рӯй чӣ ҳукм дорад?

Савол:

Домуллои муҳтарам, вақтҳои охир гурӯҳе аз ҷавонон се дуои баъди намозҳои панҷгонаро бидъат шуморида, пас аз итмоми намоз дарҳол аз масҷид хориҷ мешаванд. Оё то кадом андоза ин даъвои онҳо дуруст аст ва дуо кардан пас аз намоз ва даст молидан бар рӯй чӣ ҳукм дорад?

Саволдиҳанда:Абдуҷаббор

 


 

Ҷавоб:

Дар бораи дуо баъд аз намоз ва даст молидан ба рӯй дар ҳама китобҳои ҳадис ва тафсир далелҳо вуҷуд дорад, дар такрори дуо низ ҳадисҳо ворид шудааст. Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) ривоят аст, ки фармуд: «Ҳазрати Пайғамбар (с) се бор дуо карданро дӯст медоштанд».

Дар ҳадиси дигар омадааст: «Худованд касонеро, ки дар дуо шавқ ва такрор мекунанд, дӯст медорад». Дар шарҳи ин ҳадис гуфта шудааст, ки камтарин дараҷаи такрор дар дуо се бор, миёна панҷ бор ва комилтарини он ҳафт бор аст.

Далели дигари ин масъала ин аст, ки урф яке аз усули мазҳаби ҳанафӣ ба шумор меравад, пас масъалае, ки бо урфи ом собит шуда, ба усули шариат мухолиф набошад, анҷом додани он ҳаргиз бидъат ҳисобида намешавад. Масъалаи се дуо баъд аз намоз аз ҳамин қабил аст, зеро оммаи мардуми Мовароуннаҳр ба он амал мекунанд ва чунонки дар боло зикр кардем, ин масъала бо далелҳои шаръӣ низ субут ёфтааст. Дар бораи даст молидан бар рӯй дар дуо ҳадисҳои зиёде ворид шудааст, аз ҷумла дар “Сунан”-и Абӯдовуд омадааст: “Чун аз дуо фориғ шудед, дастҳоятонро бар рӯйҳоятон бимолед”. Хулоса, ин ҳар ду амал боиси аҷру савоб буда, ҳеҷ бидъате дар он дида намешавад.


 

2016-03-12
5355
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:06
Пешин12:40
Аср15:30
Шом17:27
Хуфтан18:57