Савол № 00328

Домуллои азиз, мехостам доир ба Мункар ва Накир маълумот диҳед?

Савол:

Домуллои азиз, мехостам доир ба Мункар ва Накир маълумот диҳед?


 

Ҷавоб:

Барои суол ва пурсидани бандагон дар қабр ду фаришта вазифа доранд. Номи яке Мункар ва номи дигар Накир аст, ки ба маънои ноошно ва ношинос мебошанд. Онҳо аз майит се суол мекунанд, ки «Парвардигорат кист?», «Динат чист?» ва «Пайғамбарат кист?». Агар майит на дар гӯристон, балки дар ҷои дигаре чун зери об ё шиками дарандае ҳам бошад, ин ду фаришта дар сари ӯ ҳозир мегарданд ва аз ӯ ин се суолро мепурсанд. Инҳо ҳама ҳақ асту рост ва шуданист.

Дар «Саҳеҳ”-и Бухорӣ омада, ки азоби қабр ҳақ аст, зеро Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам аз назди ду қабр гузашт ва гуфт: «Соҳибони ин ду қабрро азоб карда истодаанд”. Ояти 27-уми сураи “Иброҳим” низ ба маънои ин ҳадис далолат мекунад, ки дар он омадааст: «Худо мӯъминонро ба сабаби эътиқоди устуворашон дар дунёву охират пойдор медорад. Ва золимонро гумроҳ месозад ва ҳар чӣ хоҳад,  Худо ҳамонро мекунад».

Пайғамбарон алайҳимуссалом, инчунин кӯдакон ва шаҳидон аз суолу пурсиши қабр истисноанд, дигар ҳама пурсида хоханд шуд.


 

2016-03-12
5378
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:04
Пешин12:40
Аср15:15
Шом17:13
Хуфтан18:43