Савол № 00330

Оё дар хона паранда (яъне папугай канарека) нигоҳ доштан дуруст аст ё на?

Савол:

Ассалому алайкум домуллои муҳтарам. Оё дар хона паранда (яъне папугай канарека) нигоҳ доштан дуруст аст ё на?


 

Ҷавоб:

Албатта аз нигоҳи дини мубини Ислом ҳар навъи парандаро дар қафас ё дар хона нигоҳ доштан боке надорад. Чунки дар китобҳои ҳадис омадааст, ки ҷавоне бо номи Абӯумайр булбулеро дар қафас нигоҳ медошт, онро Паёмбар (с) медид ва манъ намекард ва аз Абӯумайр дар бораи аҳволи паранда пурсон мешуд, он чӣ ҳол дорад.
 

2016-03-12
3326
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:43
Пешин12:40
Аср15:12
Шом17:08
Хуфтан18:38