Савол № 00334
Илтимос домуллои муҳтарам, доир ба муъҷизаҳои ҳазрати Мӯсо (а), Исо (а) ва Муҳаммад (с) муфассал маълумот диҳед.
Савол:
Илтимос домуллои муҳтарам, доир ба муъҷизаҳои ҳазрати Мӯсо (а), Исо (а) ва Муҳаммад (с) муфассал маълумот диҳед.
Саволдиҳанда:Азимурод
Ҷавоб:
Худованди маннон баъзе корҳо ва чизҳои фавқул-ода ба дасти паёмбарони хеш зоҳир мекунад, ки аз анҷоми онҳо банда оҷиз ва нотавон аст. Ҳадаф ин аст, ки мардум чунин корҳоро мушоҳида карда, ҳаққонияти паёмбаронро эътироф кунанд ва чунин корҳоро муъҷиза мегӯянд. Паёмбарон муъҷизаҳои бешумор нишон доданд. 1. Асои ҳазрати Мӯсо (а), ки ба шакли мори бузурге зоҳир шуд ва морҳои зоҳири ҷодугаронро фурӯ бурд. 2. Яди байзои Мӯсо (а) Худованд дар дасти Мӯсо (а) чунон нур дурахшондагӣ қарор дода буд, ки рӯшноии он бар рӯшноии офтоб ғалаба мекард”. 3. Фарқ ва пора шудани дарёи Нил барои Мӯсо (а) ва ҳамроҳонаш.
ҳазрати Исо (а) ба дастури Худованд (ҷ) мурдагонро зинда мекард, нобиноҳои модарзодро биноӣ мебахшид, касеро, ки ба бемории сафедшавии пӯст гирифтор буд, масҳ мекард ва ба изни Худо онҳо шифо меёфтанд, гунҷишкҳо аз хоку гил дуруст карда дар онҳо медамид ва онҳо парвоз мекарданд.
Бузургтарин муъҷизаи ҳазрати Муҳаммад (с) Қуръони карим аст, ки дар давоми 14 қарни гузашта то ба имрӯз адибони бузурги араб натавонистанд монанди як сураи хурд аз Қуръон биёваранд.
Муъҷизаҳои дигари Паёмбар (с) рафтан ба меъроҷ, шаққул-қамар (ду ним шудани моҳтоб), фаровон шудани обу ғизо ва сиҳҳат шудани узвҳои захмини асҳобаш бо дуои ӯст, масалан сиҳат шудани чашми Алӣ (р) ва ғайра. (“Таълимул-Ислом”, саҳ.83-85).