Савол № 00336

домуллои азиз хеле мешавад, ки як масъала маро нороҳат мекунад. Ман аз шаҳри Кӯлобам 7 моҳ мешавад, ки оиладор шудаам ва дар шаҳри Душанбе кор мекунам. Ҳар рӯзи ҷумъа ё шанбе ба Кӯлоб меравам,Вақте ки ман ба Душанбе меоям, намозамро қаср хонам ё пурра илтимос ҷавоб диҳед,

Савол:

Салом домуллои азиз хеле мешавад, ки як масъала маро  нороҳат мекунад. Ман аз шаҳри Кӯлобам 7 моҳ мешавад, ки оиладор шудаам ва  дар шаҳри Душанбе кор мекунам. Ҳар рӯзи ҷумъа ё шанбе ба Кӯлоб меравам, зеро оилаам он ҷо бо падару модарам зиндагӣ мекунад. Вақте ки ман ба Душанбе меоям, намозамро қаср хонам ё пурра илтимос ҷавоб диҳед, зеро аз якчанд муллоҳои масҷид пурсидам, гуфтанд, ки қаср мехонӣ. Аммо дар дилам ҳама вақт як шубҳа аст, ки яке рафту намозамро пурра хондан лозим бошад, қариб як моҳ мешавад, ки ман дар Душанбе намози қаср мехонам. Бо салом бародари Шумо аз Кӯлоб.

Саволдиҳанда:Фаррух

Ҷавоб:

Шаҳрванди муҳтарам, модоме, ки Шумо аз шаҳри Кӯлоб барои кор кардан ба шаҳри Душанбе омада, як ҳафта истоданиед ва бозпас мегардед, қаср хондани намоз барои Шумо ҳатмист. Агар 15 рӯз ё зиёда аз 15 рӯз истоданӣ бошед, дар ин ҳолат намозатонро комил анҷом диҳед. Лекин дар роҳ то расидан ба манзил қаср мехонед. Хулоса коре, ки Шумо анҷом медиҳед, дуруст аст. («Таълимул-ислом», саҳ. 187-188)


 

2016-03-15
3485
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:06
Пешин12:40
Аср15:30
Шом17:27
Хуфтан18:57