Савол № 00340

Шаби меъроҷ намоз чӣ тавр амр шуд? Яъне вақт, ракъат, фарз, суннат, воҷиб омада буд?

Савол:

Шаби меъроҷ намоз чӣ тавр амр шуд? Яъне вақт, ракъат, фарз, суннат, воҷиб омада буд?

Саволдиҳанда:Оиша
 

Ҷавоб:

Дар шаби меъроҷ фақат панҷ вақт намоз фарз шуд, вале вақтҳои онҳо маълум набуд. Баъдан вақтҳои онҳо аз ҳадиси Ҷабраил (а), ки бо Пайғамбар (с) омада намоз гузориданд, муайян гардид, чунонки имрӯз онро мегузорем. Аммо суннатҳо бошанд, аз амали Расули Худо (с) собит шудаанд, ки ба фарзҳо зам гардида, онро бардавом мегузориданд. Намози витр бошад, баъд аз муддате машруъ гардид, чунонки Расули Худо (с) ба асҳоби худ гуфтанд, ки Худованд барои шумо намози дигаре афзуд ва он намози витр аст.

Ногуфта намонад, ки он панҷ вақт намозе, ки дар шаби меъроҷ фарз шуда буданд, ҳам дар ҳолати иқомат ва ҳам дар ҳолати сафар дуракъатӣ буданд, баъдан дар ҳолати иқомат зиёда шуда, се ё чаҳорракъатӣ гардиданд, вале дар ҳолати сафар ба асли худ дуракъатӣ боқӣ монданд, вале намози шом дар ҳолати сафар низ се ракъат хонда мешавад.

2016-03-26
6248
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:43
Пешин12:40
Аср15:12
Шом17:08
Хуфтан18:38