Савол № 00343

Домуллои муҳтарам. Оё дар намози фарз пас аз хондани сураи “Фотиҳа” ду сура хондан ҷоиз аст? Илтимос, бо далел ҷавоб диҳед

Савол:

Домуллои муҳтарам. Оё дар намози фарз пас аз хондани сураи “Фотиҳа” ду сура хондан ҷоиз аст? Илтимос, бо далел ҷавоб диҳед

Саволдиҳанда:Илёс

Ҷавоб:

Пас аз қироати сураи “Фотиҳа” хондани ду сура дар як ракъат макруҳи танзеҳӣ аст. Макруҳи‌ танзеҳӣ он‌ аст,‌ ки‌ аз тарки‌ он‌ савоб‌ мерасад ва аз анҷоми он‌ гунаҳгор намешавад, аммо сазовор ва шоиста‌ нест‌, ки‌ як‌ фарди мусулмон‌ онро анҷом‌ диҳад. Дар китоби “Нурул-изоҳ”, фасли макруҳоти намоз оиди ин масъала чунин овардааст: “Қироат кардани сураи дигар аз болои сурае, ки хондааст, макруҳ аст”. (“Нурул-изоҳ”, с. 87). Хулоса дар намози фарз ҷамъ кардани ду сура дар як ракъат макруҳи танзеҳӣ мебошад.

2016-03-28
3635
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:06
Пешин12:40
Аср15:30
Шом17:27
Хуфтан18:57