Савол № 00345

оё ҷинҳо мисли одамон ба биҳишт ё дӯзах дохил мешаванд ё ин ки мисли ҳайвонот хок мешаванд

Савол:

Домулло, Худо Шуморо дар ҳифзу паноҳаш нигоҳ дорад. Илтимос мегуфтед, ки оё ҷинҳо мисли одамон ба биҳишт ё дӯзах дохил мешаванд ё ин ки мисли ҳайвонот хок мешаванд

Ҷавоб:

Уламо дар ин ки оё ба ҷинҳо бинобар аъмолашон савобе мерасад, ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Гурӯҳе мефармоянд, ки ба онҳо ҳеҷ савобе ба ҷуз раҳоb ёфтан аз оташи дӯзах намерасад ва сипас ба онҳо гуфта мешавад, ки монанди чорпоён хок шавед. Имом Абӯҳанифа (рҳ) низ бар ин раъй ҳастанд.

Гурӯҳи дуюм мефармоянд, ки онҳо бинобар тоаташон савоб дода шуда, барои маъсияташон азоб дода мешаванд. Имом Молик (рҳ), Аҳмад ибни Ҳанбал (рҳ) ва Шофеъb (рҳ) аз ин гурӯҳ мебошанд.

Уламо иттифоқи назар доранд, ки ҷинҳои кофир дар охират мавриди азоб қарор дода мешаванд. Чунончи Худованди азза ва ҷалла дар китоби худ фармудааст: “Аммо гунаҳкорон барои дӯзах ҳезум бошанд” (Сураи “Ҷин”, ояти 14)

Уламо дар ин ки ҷинҳои мусулмон ба биҳишт медароянд, ихтилофи назар доранд. Назаре, ки ҷумҳури уламо бар онанд, ин аст, ки онҳо ба биҳишт медароянд. Чунончи Худованди азза ва ҷалла дар китоби худ фармудааст: “Ва Биҳишт барои парҳезгорон наздик гардонида шавад ва дур набошад” (Сураи “Қоф”, ояти 13). (“Окомул-марҷон”, саҳ.71-72).

2016-03-28
4386
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:04
Пешин12:40
Аср15:15
Шом17:13
Хуфтан18:43