Савол № 00036

Дар бораи рўзи қиёмат маълумот диҳед.

Савол:

Дар бораи рўзи қиёмат маълумот диҳед. Юсуф, н. Панҷакент.

Саволдиҳанда:Юсуф

Ҷавоб:

Панҷумин шарти имон бовар кардан ба рўзи охират мебошад. Аз дамидани нафхи сур то зинда шудани мурдагон, бархостани инсонҳо аз қабрҳояшон, додани дафтари аъмол, ҷамъ шудани онҳо дар майдони маҳшар, саволу ҷавоб шудани онҳо, тарозу, шафоъат, сирот, ҳавзи Кавсар, ҷаннат ва дўзах, ки махсус ба рўзи охират мебошад, бояд яқинан бовар дошт. Ҷаҳони охират ба ҳаёти ҷовидон маънидод карда мешавад. Ҳақ таъоло ин дунё ва ҳамаи махлуқотро муваққатан офаридааст. Қиёмат бо аввалин нафхи сури Исрофил (а) барпо шуда ва ҳамаи зиндаҳо мемиранд. Дунё ва ҳамаи мавҷудот пора-пора шуда, нест хоҳанд шуд. Бо дувумин дамидани сур ҳамаи махлуқот боз зинда шуда, ба майдони маҳшар ҷамъ хоҳанд шуд. Дар майдони ҳашр ҳамаи махлуқот аз кирдорашон дар пешгоҳи Худованд мўй ба мўй ҳисоб хоҳанд дод. Ҳар соҳиби ҳақ ҳаққи худро аз ноҳақ хоҳад гирифт. Баъд аз тамом шудани ҳисобу китоб некўкорон ба ҷаннат ва бадкорон ба дўзах хоҳанд рафт. Мўъминон дар ҷаннат ба ҷамоли Илоҳӣ мушарраф хоҳанд шуд.

2015-02-17
4925
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:05
Пешин12:40
Аср15:15
Шом17:13
Хуфтан18:43