Савол № 00361

Салом, домуллои муҳтарам. Мехостам фаҳмам, ки байни намози асру шом кадом кирдорҳоро (хӯрдан, хуфтан ва ғайраҳо) анҷом додан манъ аст.

Савол:

Салом, домуллои муҳтарам. Мехостам фаҳмам, ки байни намози асру шом кадом кирдорҳоро (хӯрдан, хуфтан ва ғайраҳо) анҷом додан манъ аст. Ташаккур.

Саволдиҳанда:Карим.

 

Ҷавоб:

Дар миёни асру шом хӯрдану нӯшидан, зикру тиловати Қуръон ва ғайра ҷоиз буда, ҳеҷ мумонаъате дар он вуҷуд надорад. Лекин хобидан дар миёни ин ду вақт ва инчунин гузоридани намози нафл макруҳ аст. Дар “Мавсуъаи фиқҳӣ” роҷеъ ба хобидан пас аз намози аср чунин овардааст:

 يَكُونُ النَّوْمُ مَكْرُوهًا فِي مُوَاطِنَ مِنْهَا : النَّوْمُ بَعْدَ صَلاَةِ الْعَصْرِ

 Яъне: Хобидан дар чанд вақт макруҳ аст, яке аз ин вақтҳо хобидан баъд аз намози аср аст”. (“Мавсуъаи фиқҳӣ”, ҷ. 17, с 42)

Аммо дар бораи макруҳ будани намози нафл дар байни асру шом дар китоби “Нурул-изоҳ” чунин меорад:

ويكره التنفل بعد صلاة العصر وقبل صلاة المغرب

“Хондани намози нофила баъд аз намози аср ва пеш аз намози шом макрӯҳ аст”. (“Нурул-изоҳ”, с. 57). Ҳамчунин дар ҳадис омадааст, ки Расули Худо (с) фармуданд:

وَلاَ صَلاَةَ بَعْدَ صَلاَةِ الْعَصْرِ حَتَّى تَغْرُبَ الشَّمْسُ

“Баъд аз аср намозе нест, то он ки офтоб ғуруб кунад”. (Ривояти Абӯдовуд).

2016-04-09
3834
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:06
Пешин12:40
Аср15:30
Шом17:27
Хуфтан18:57