Савол № 00363

Агар имом сураи “Ҳамд”-ро дар намозҳои ҷаҳр хуфя хонад, дигарбора ҷаҳрӣ хондани сураи “Фотиҳа” дар ҳамон ракъат зарур аст? Ё бояд сураи баъдиро бо садои баланд хонад?

Савол:

Агар имом сураи “Ҳамд”-ро дар намозҳои ҷаҳр хуфя хонад, дигарбора ҷаҳрӣ хондани сураи “Фотиҳа” дар ҳамон ракъат зарур аст? Ё бояд сураи баъдиро бо садои баланд хонад?

Саволдиҳанда:Раҳмоналӣ.

Ҷавоб:

Дар масъалаи мазкур дубора сураи “Фотиҳа” хонда намешавад, аммо сураи баъдиро бо овози баланд мехонад, лекин дар ин сурат саҷдаи саҳв лозим мешавад, чунончи дар китобҳои фиқҳи ҳанафӣ омадааст. Дар китоби “Раддул-муҳтор” дар ин хусус овардааст:

وَالْجَهْرِ فِيمَا يُخَافِتُ فِيهِ وَعَكْسُهُ

“Дигар аз сабабҳои саҷдаи саҳв баланд хондан дар мавзеъи паст хондан ва акси он (яъне паст хондан дар мавзеъи баланд хондан) аст”. (“Раддул-муҳтор”, ҷ. 5, с. 353)

2016-04-09
3487
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:06
Пешин12:40
Аср15:30
Шом17:27
Хуфтан18:57