Савол № 00364

Як нафар дӯстам дар покдомании занаш шубҳа пайдо кардааст. Барояш чи маслиҳат диҳам? Агар рафту воқеан занаш аҳли зино бошад, чи гӯям? Талоқ диҳад ё не?

Савол:

Як нафар дӯстам дар покдомании занаш шубҳа пайдо кардааст. Барояш чи маслиҳат диҳам? Агар рафту воқеан занаш аҳли зино бошад, чи гӯям? Талоқ диҳад ё не?

Ҷавоб:

Аз дидгоҳи шариати муқаддаси Ислом нисбат ба мусалмоне гумони бад доштан, ҳаром аст. Чунончи Худованди мутаъол фармудааст: «Эй касоне, ки имон овардаед, аз гумон бурдани бисёр парҳез кунед, зеро баъзе гумонҳо гуноҳ аст».

Пайғамбари Худо (с) фармудаанд, ки: «Аз гумони бурдан парҳез кунед, зеро гумон бурдан падидаи дурӯғин аст».

Аз ин хотир бародари азиз, то шавҳар бо чашми сар набинад, ки ҳамсараш зино карда истодааст ё чор нафар шахси оқилу болиғи мусулмони озод ба зино кардани зан гувоҳӣ надиҳанд, тасмим гирифтан ба талоқ камоли аҳмақист. Мусалмон бояд дар фикри ободии як оила ва комёб кардани фарду ҷомеа бошад, на харобу вайрон кардани он бо гумон.

2016-04-09
3992
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:07
Пешин12:40
Аср15:28
Шом17:25
Хуфтан18:55