Савол № 00371
Домуллои мухтарам шавхаршавандаи ман хамчинсгаро аст, илтимос мегуфтед оё бо чунин мард издивоч дуруст аст ё не?
Савол:
Домуллои мухтарам шавхаршавандаи ман хамчинсгаро аст, илтимос мегуфтед оё бо чунин мард издивоч дуруст аст ё не?
Ҷавоб:
Издивоҷи зани солеҳа бо марди ҳамҷинсгаро аз нигоҳи фиқҳӣ макрӯҳ мебошад, зеро ки шахси ҳамҷинсгаро мавриди лаънати Худованд қарор гирифтааст ва асли ҳикмати зиндагиро гум кардааст. Дар таҷрибаи зиндагӣ дида мешавад, ки чунин афрод дар зиндагӣ ноком мебошанд, чаро ки ҳамон иродаву ҷавонмардӣ ва шаъну шарафи худро аз даст додаанд. Бинобар ин, издивоҷ намудани зани солеҳа бо марди ҳамҷинсгаро макруҳ аст. Чунончи Худованд фармудааст
«Занҳои палид барои мардони палид лоиқанд ва мардони палид барои занҳои палид лоиқанд ва занҳои покиза барои мардҳои покиза лоиқанд ва мардҳои покиза барои занҳои покиза лоиқанд». (Сураи «Нур» ояти 26).