Савол № 00372

Ассалому алайкум домуллои муҳтарам илтимос бигӯед, ин ҷумла чи маъно дорад. «Хабар омад, ки падари он духтари солеҳа дар биҳишт аст». Чи гуна муайян мекнунанд?, Инсон мемирад магар дар қабр нест?

Савол:

Ассалому алайкум домуллои муҳтарам илтимос бигӯед, ин ҷумла чи маъно дорад. «Хабар омад, ки падари он духтари солеҳа дар биҳишт аст». Чи гуна муайян мекнунанд?, Инсон мемирад магар дар қабр нест?

Саволдиҳанда:Муҳидин

Ҷавоб:

 Ваалайкумусалом ва раҳматуллоҳ, ҷаннатӣ ва дузахӣ будани инсонро Худованд медонад, ё ин ки Паёмбари Ислом (с) дар зиндагиаш хабар дода бошад. Ғайр аз Худо ба воситаи Паёмбараш дигар ҳеҷ кас гуфта наметавонад, ки айнан фалони дар ҷаннат аст ё ҷаннатӣ аст, аммо умед ва дуо кардан мумкин аст. Инсон вақте, ки мефавтад то рӯзи қиёмат дар олами Барзах қарор мегирад, яъне ҷисмаш дар қабр ва рӯҳаш дар олами арвоҳ мемонад. Баъд аз он тибқи он аъмоле, ки дар дуньё анҷом додааст, ба биҳишт ё дузах дохил карда мешавад. Умед дорем, ки падари ин духтари солеҳа низ марди солеҳ буданд ва аз раҳмати Парвардигор бархурдор шуда, рӯзи қиёмат дохили ҷаннат мегардад. Хулоса ҳар як инсон ҳарчанд обид ҳам бошад, аз азоби Худо битарсад ва  ҳарчанд гунаҳкор ҳам бошад аз раҳмати Худо ноумед нагардад. («Мирқод» китоби имомн, ҷ. 1, саҳ. 150-155)

2016-04-12
4990
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:04
Пешин12:40
Аср15:15
Шом17:13
Хуфтан18:43