Савол № 00381

Моҳи Раҷаб кай оғоз мешавад, кадом рӯзҳо рӯза доштан мумкин аст ва чӣ хел моҳ аст?

Савол:

Моҳи Раҷаб кай оғоз мешавад, кадом рӯзҳо рӯза доштан мумкин аст ва чӣ хел моҳ аст?

Саволдиҳанда: Дилором.


 

Ҷавоб:

Моҳи Раҷаб рӯзи 8-уми апрел оғоз ёфт. Ин моҳҳафтумин моҳи соли ҳиҷрӣ аст. Он Ҳазрат (с) бо дидани ҳилоли моҳи Раҷаб ин дуоро мехонданд:

" اللهُمَّ بَارِكْ لَنَا فِي رَجَبٍ، وَشَعْبَانَ، وَبَلِّغْنَا رَمَضَانَ "

“Аллоҳумма борик лано ва Раҷабин ва Шаъбона ва баллиғно Рамазон”. Яъне: “Парвардигоро, моҳи Раҷаб ва Шаъбонро бароямон муборак гардон ва ба саломатӣ моро ба Рамазон бирасон”. (“Шуъабул-имон”-и Байҳақӣ).

Аз ҷумлаи фазилатҳои ин моҳ ин аст, ки тибқи баъзе ривоёт шаби 27-уми ин моҳ он Ҳазрат (с) ба меъроҷ рафтанд. Ҳамчунин рӯза доштан дар ин моҳ боиси аҷру подоши зиёде мебошад. Ҳазрати Усмон (р) дар аввалин ҷумъаи ин моҳ болои минбар баромада мефармуданд: “Мардум! Огоҳ бошед! Ин моҳ моҳи Худовандӣ ва моҳи адои закотҳои шумо аст, пас ҳар кас қарздор аст, бояд қарзи худро адо кунад ва агар бар касе қарз бимонад, (дар сурате ки қудрати адои онро надошта бошад) соҳиби ҳақ (агар бихоҳад) онро бибахшад, зеро аҷру подоши зиёд дорад.

2016-04-13
8622
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:05
Пешин12:40
Аср15:16
Шом17:14
Хуфтан18:44