Савол № 00383

Ба саволи ман ҷавоб диҳед, бисёр зарур. Мо дар Русия кор мекунем. Як дӯстамон дар церков, яъне масҷиди русҳо барои пул шуда кор мекунад, яъне церковро ремонт мекунад. Оё ин пул ҳалол аст ё ҳаром? Дар церков кор кардан мумкин аст ё на?

Савол:

Ассалому алайкум. Ба саволи ман ҷавоб диҳед, бисёр зарур. Мо дар Русия кор мекунем. Як дӯстамон дар церков, яъне масҷиди русҳо барои пул шуда кор мекунад, яъне церковро ремонт мекунад. Оё ин пул ҳалол аст ё ҳаром? Дар церков кор кардан мумкин аст ё на?

Саволдиҳанда:Фаридун.


 

Ҷавоб:

Албатта дар бино ва дигар сохтмоне, ки дар он яҳудиён ва насрониён ибодат мекунанд, кор кардан ва музд гирифтан аз онҳо ҳеҷ боке надорад, ҳамчунон ки дар китобҳои фиқҳи ҳанафӣ зикр шудааст. Аз ҷумла, дар китоби “Фатовои Қозихон” оид ба ин масъала чунин овардааст:

وكذا لو بنى بالأجر بيعة أو كنيسة لليهود والنصارى طاب له الأجر

“Агар ба ивази музд ибодатгоҳе ё калисое барои яҳудиён ва насрониён бино кунад, он музд барояш пок аст”. (“Фатовои Қозихон”, ч. 3, с. 18, китоби иҷора)

2016-04-15
3759
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:43
Пешин12:40
Аср15:12
Шом17:08
Хуфтан18:38