Савол № 00389
Хулоса суол чунин аст:Шариати Ислом ба мо сароҳатан баён менамояд, ки саҷдаи ғайруллоҳ ширк ва қатъиян маҳрум аст, вале чаро вақте ки Худованд инсонро халқ кард, ба махлуқони пешинаи худ амре дод, ки ӯро саҷда кунед?
Савол:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ! Суоле дорам хидмати Шумо устоди гиромӣ. Рости гап чанд вақте мешавад, ки ба ҷустуҷӯи ҷавоби ин суол ба ҳар куҷо шитоб дорам, аз ҳар уламое, ки мепурсам, онҳо ба ман мегӯянд, ки ҷавоб дорад, вале тибқи Қуръону ҳадис далеле барои собит гардондани ин масъала надоранд, яъне ҷавоби ба қавли ман ва ҳамагон ин аст, ки Аллоҳ таоло мегӯяд: “Он чи ки ман медонам, Шумо намедонед”. Хулоса суол чунин аст: Алҳамду лиллоҳ мо мусалмон ҳастем, ба ин чизҳо имон дорем, вале иддае ҳастанд, ки дар шакканд, шояд аз ҷоҳилӣ бошад, шояд надонанд, инро Худо медонад. Шариати Ислом ба мо сароҳатан баён менамояд, ки саҷдаи ғайруллоҳ ширк ва қатъиян маҳрум аст, вале чаро вақте ки Худованд инсонро халқ кард, ба махлуқони пешинаи худ амре дод, ки ӯро саҷда кунед? Ҷавоби инро бо далеле аз Қуръон ва аҳодис баён менамудед. Иншоаллоҳ. Қаблан миннатдорам устод! Дар ин масъала ман шахсан шакке надорам. Худо ҳофиз.
Саволдиҳанда:Рабонӣ
Ҷавоб:
Бародари азиз, саҷдае, ки барои Одам (а) анҷом ёфта буд, саҷдаи таъзимӣ буд, на саҷдаи ибодат. Саҷдаи таъзимӣ дар миёни умматҳои гузашта ҷоиз буд, чунонки дар Қуръон зикр шудааст, ки вақте волидайн ва бародарони Юсуф (а) пеши ӯ рафтанд, ба ӯ саҷда карданд. Худованд мефармояд:
وَرَفَعَ أَبَوَيْهِ عَلَى الْعَرْشِ وَخَرُّوا لَهُ سُجَّدًا
«Ва падару модари худро бар тахти худ боло бурд ва онҳо ба сӯи ӯ саҷдакунон афтоданд». (Сураи «Юсуф», 100)
Бадеҳӣ аст, ки ин саҷдаи онҳо наметавонад барои ибодат бошад, зеро ибодати ғайри Худо ширк ва куфр аст, пас ин саҷда фақат барои таъзиму бузургдошти Юсуф (а) буд. Вале ин навъи таъзим ва бузургдошт дар дини Ислом мамнуъ гардид. Чунончи Имом Ҷассос дар «Аҳкомул-Қуръон» чунин мефармояд: «Дар шариатҳои анбиёи гузашта саҷда барои таъзим ва бузургдошт ба бузургон мубоҳ будааст, вале дар шариати муҳаммадӣ мамнуъ гардида, ба ҷои он танҳо салом ва мусофаҳа (дастфишорӣ) ҷоиз мебошад”.
Дар ин ҷо як суол пеш меояд, ки ҷоиз будани саҷдаи таъзимӣ, ки аз ояти Қуръон ба назар мерасад, ба чӣ далеле дар шариати муҳаммадӣ мансух шудааст. Дар посух бояд гуфт, ки ҳаром будани саҷдаи таъзимӣ аз ҳадисҳои мутавотир ва машҳур собит шудааст, чунончи он Ҳазрат (с) дар ҳадисе мефармоянд, ки: “Агар ман саҷдаи таъзимиро барои ғайри Худо ҷоиз медонистам, ба занон дастур медодам, ки шавҳарони худро саҷда кунанд”. Бинобар ин, дар шариати Ислом саҷдаи таъзимӣ барои бузургдошти инсон мутлақан ҳаром буда ва бояд аз он ҷиддӣ худдорӣ кард.