Савол № 00391
Тибқи фиқҳи ҳанафӣ дар намозҳои хуфя барои муқтадӣ хондани сураи «Фотиҳа» пушти сари имом чи ҳукм дорад?
Савол:
Тибқи фиқҳи ҳанафӣ дар намозҳои хуфя барои муқтадӣ хондани сураи «Фотиҳа» пушти сари имом чи ҳукм дорад?
Саволдиҳанда:Комил
Ҷавоб:
Тибқи мазҳаби ҳанафӣ аз пушти сари имом қироат кардани муқтадӣ дуруст нест, хоҳ намози ҷаҳрия бошад ё хуфя. Ин ҳукмро ҳамаи китобҳои фиқҳи ҳанафӣ таъйид мекунанд, монанди: «Мухтасарул виқоя», «Шарҳул- виқоя», «Ҳидоя», «Мухтасари Қудурӣ», «Субҳун-нурӣ» ва шарҳҳои онҳо.
Чунончи Худованди мутаъол дар Қуръони карим мефармояд: «Ва чун Қуръон хонда шавад, пас ба сӯи он гӯш ниҳед ва хомӯш бошед, то бар шумо меҳрубонӣ карда шавад» (Сураи «Аъроф», ояти 204).
Инчунин аз Абӯ Мусо (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) ба мо намоз хонданро таълим доданд ва фармуданд, ки «Ҳар гоҳ ки барои хондани намоз бархостед, пас яке аз шумо имом шавад ва ҳангоме ки имом қироат кунад, сукут кунед» (Саҳеҳи Муслим)