Савол № 00393
Тибқи мазҳаби ҳанафӣ май ё арақ палидии маънавӣ аст ё моддӣ
Савол:
Тибқи мазҳаби ҳанафӣ май ё арақ палидии маънавӣ аст ё моддӣ? Ва агар май ба либоси шахси намозгузор бирасад, оё он наҷас ё бенамоз мегардад?
Саволдиҳанда:Комил
Ҷавоб:
Тибқи мазҳаби ҳанафӣ арақ палиди моддӣ аст, зеро Худованд дар сураи «Моида», ояти 90-91 мефармояд: «Эй касоне, ки имон овардед, албатта хамр, майсир(қимор), ансоб(нишонаҳои маъбудони ботил), азлом(тирҳои фол) палид аст, аз ҷумлаи амали шайтон, пас аз он парҳез кунед, шояд, ки наҷот ёбед». Бинобар ин агар дар либос бирасад, онро наҷис ва бенамоз мегардонад.