Савол № 00394

Домуллои муҳтарам илтимос мегуфтед, ки дар вақти намозхонӣ ба фикри дунявӣ фурӯ рафтан намозро мешиканад ё не?

Савол:

Домуллои муҳтарам илтимос мегуфтед, ки дар вақти намозхонӣ ба фикри дунявӣ фурӯ рафтан намозро мешиканад ё не?

Саволдиҳанда:Шерали


 

Ҷавоб:

Бародари азиз, фарди мусалмон дар вақти намозхонӣ бояд фикри худро ҳар тараф равона насозад ва то ҳадди имкон ба намоз диққат кардан лозим аст, бояд чунин пиндорад, ки гӯё дар ҳузури Худованд қарор дорад. Аммо агар бо вуҷуди талош кардан фикри ӯ ба ҳар тараф моил шавад, намози ӯ табоҳ намегардад, балки аз нишонаи имондории уст. Зеро дар дили боимон иблис васваса эҷод мекунад, на дар дили холӣ. Ҳамчунон ки дузд ба хонаи касе медарояд, ки сармоядор аст, на ба хонаи нодор.

Бинобар ин, ҳазрати Алӣ (р) мефармоянд, ки намозе ки дар он васваса ва парешонӣ набошад, монанди намози яҳуд ва насорост. («Мирқот»).


 

2016-05-03
3681
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:06
Пешин12:40
Аср15:30
Шом17:27
Хуфтан18:57