Савол № 00395
Агар нафаре дар масҷид аз ҷамоат ақиб монда танҳо намоз хонад, оё иқомат гуфтан барои ӯ зарур аст ё не?
Савол:
Агар нафаре дар масҷид аз ҷамоат ақиб монда танҳо намоз хонад, оё иқомат гуфтан барои ӯ зарур аст ё не?
Ҷавоб:
Шахсе, ки аз намози ҷамоат ақиб мемонад, беҳтар он аст, ки намози худро танҳо хонад, агарчи ҷамоати дуюм ҷоиз бошад. Зеро агар дар масҷид барои як намоз ду ё зиёда ҷамоат барпо шудан гирад, мардум аз ҷамоати якум, ки ҷамоати аслӣ мебошад, ба умеди он ки ҷамоати дуюмро дарёфт мекунанд, таъхир менамоянд. Шахсе, ки аз ҷамоат ақиб мемонад, агар иқомат нагӯяд, боке надорад. («Шарҳи Илёс», саҳ. 103)