Савол № 00398
Ассалому алайкум! Дар намози бо ҷамоъат муқтадӣ дар вақти рукуъ ва саҷда то чанд маротиба тасбеҳ мегӯяд?
Савол:
Ассалому алайкум! Дар намози бо ҷамоъат муқтадӣ дар вақти рукуъ ва саҷда то чанд маротиба тасбеҳ мегӯяд?
Саволдиҳанда:Давлат
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ, бародари азиз Тасбеҳ гуфтан барои муқтадӣ дар рукуъ ва саҷда камаш се бор ва зиёд чанд бор гӯяд дуруст аст, лекин ба адади тоқ гӯяд, мисли 3,5,7,9 ва ғайра.
Бояд дар хотир дошта бошед, ки агар имом бошед, дар рукуъ ва саҷда ҳатман эҳтироми қавмро риоя кунед, ва малоли қавм нагардед, яъне тасбеҳотро аз 3-5 зиёд накунед. («Фиқҳи муяссар», саҳ. 90-96).