Савол № 00399
Ман дар хона танҳо намоз мехонам. Ман бачаи 18 сола ҳастам. Ман бояд ҳатман пеш аз намоз азон ва иқомат гӯям ё бе азон ва иқомат ҳам мешавад?.
Савол:
Ман дар хона танҳо намоз мехонам. Ман бачаи 18 сола ҳастам. Ман бояд ҳатман пеш аз намоз азон ва иқомат гӯям ё бе азон ва иқомат ҳам мешавад?.
Саволдиҳанда:Шаҳром
Ҷавоб:
Бародари азиз, ҳукми азон ва иқомат барои мардон дар намозҳои фарз суннати муаккада аст, хоҳ шахс муқим бошад ё мусофир, хоҳ намозро бо ҷамоат бигузорад ё танҳо, хоҳ намози вақтӣ бошад ё қазо. Аммо шахс дар шаҳр иқомат кунад, тарк кардани азон боке надорад, зеро Абдулло ибни Масъуд фармудаанд: «Азони дар масҷиди маҳалла кифоя мекунад». Бо вуҷуди ин, дар хона хондани намоз бо азону иқомат беҳтар аст, то ин ки намоз бо шакли ҷамоат адо ёбад. («Ҳидоя», китоби салот, ҷилди 1, саҳ 57-67)