Савол № 00412

Аз рӯи фаромӯшӣ хӯрдан ва нӯшидан рӯзаро мешиканад ё не? Агар ин ҳолат рух диҳад, бояд чӣ кор анҷом диҳем?

Савол:

Аз рӯи фаромӯшӣ хӯрдан ва нӯшидан рӯзаро мешиканад ё не?  Агар ин ҳолат рух диҳад, бояд чӣ кор анҷом диҳем?

Ҷавоб:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳӯ. Агар рӯзадор ба фаромӯшӣ чизе хӯрад ё нӯшад ва ё бо ҳамсараш ҳамхоба шавад, рӯзааш намешиканад ва қазо ҳам воҷиб намешавад, зеро Паёмбар (с) мефармоянд: Агар шахсе дар ҳоли рӯза фаромӯш карда хӯрад ё нӯшад, рӯзаи худро ба охир расонад, зеро Худованд (ҷ) ӯро хӯронида ва нӯшонидааст.   (Бухорӣ. 1933, Муслим. 1673)

2016-05-26
4160
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:05
Пешин12:40
Аср15:16
Шом17:14
Хуфтан18:44