Савол № 00414
Домуллои муҳтарам чанд суоле дорам, мехоҳам ҷавоби амиқе ба онҳо бигирам. Расули худо (с) намози шабро (таҳаҷҷуд) гоҳе чаҳор, гоҳе шаш, гоҳе ҳашт ва баъзе вақтҳо даҳ ракъат мехонданд. Тарзи хондани шаш ҳашт ва даҳ ракъатро маълумот медодед?
Савол:
Ассалому Алайкум ва Раҳматуллоҳ, Домуллои муҳтарам. Аллоҳ илми шуморо боз ҳам зиёдтар гардонад. Домуллои муҳтарам чанд суоле дорам, мехоҳам ҷавоби амиқе ба онҳо бигирам. Расули худо (с) намози шабро (таҳаҷҷуд) гоҳе чаҳор, гоҳе шаш, гоҳе ҳашт ва баъзе вақтҳо даҳ ракъат мехонданд. Тарзи хондани шаш ҳашт ва даҳ ракъатро маълумот медодед?
Саволдиҳанда:Насрулло
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалом бародари азиз. Намози таҳаҷҷуд, ки аз ҷумлаи намозҳои нофила аст, дар умум тибқи таълимоти мазҳаби Имоми Аъзам (рҳ) намозҳои нофилаи рӯзонаро агар хоҳад ду ракъатӣ, агар хоҳад чор ракъатӣ бо як ният мехонад. Аммо намозҳои нофилаи шабро ҳашт ракъат бо як ният хонда метавонад. Албатта фазилати намози шаб, нисбат ба намози рӯз афзал аст, зеро Худои таъоло Инчунин иршоди Расули Худо (с) аст, ки касе намози шабро дароз, кунад, ӯро подоши зиёд медиҳад. («Субҳун-нурӣ» ҷ. 1, саҳ. 220-221)