Савол № 00416
Мо дар Москва кор мекунем ва тарафи қибларо намедонем, баъзе бародарҳо мугӯянд тарафи офтобшин хон, баъзе мегӯянд тарафи офтоббаро. Мо чӣ кор кунем, кадом тараф намозамонро хонем?
Савол:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ, мо дар Москва кор мекунем ва тарафи қибларо намедонем, баъзе бародарҳо мугӯянд тарафи офтобшин хон, баъзе мегӯянд тарафи офтоббаро. Мо чӣ кор кунем, кадом тараф намозамонро хонем?
Саволдиҳанда:Сулаймон аз Москва.
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалом, Шумо метавонед барои муайян кардани самти қибла аз Марказҳои исломии минтақаи сукунати худ пурсон шавед, ё ин ки аз қибланамо ё телефонҳои мобилие, ки ин амалро иҷро мекунанд, истифода намоед. («Масоили фиқҳии муосир», саҳ. 46-47-ум)