Савол № 00042
Агар ба нафаре қарз дода шавад ва ў қарзро баргардонида натавонад, пас он қарзро ба нияти закот ба ў бахшанд, оё закот адо меёбад?
Савол:
Агар ба нафаре қарз дода шавад ва ў қарзро баргардонида натавонад, пас он қарзро ба нияти закот ба ў бахшанд, оё закот адо меёбад?
Саволдиҳанда:Тоҳир
Ҷавоб:
Закот адо намеёбад, зеро дар ваќти додани пул ба қарзгир нияти закот накарда буд ва ният барои адои закот шарт аст, вале агар дар вақти пул додан нияти закот карда бошад, пас закот адо меёбад. (“Раддул-муҳтор”, ҷ.2, с. 270).