Савол № 00421
Дар 14 сураи Қуръони карим ояти саҷда аст. Ҳар гоҳ шахсе аз он оятҳоро бихонад ва ё онро аз дигаре шунавад, баъд аз тамом шудани ин оят, бояд фавран саҷда кунад. Мехохам донам, нияти саҷдаи тиловат ва дуои он баъди саҷда, ва вақто ки мо Қуръони карим тарҷумаашро мехонем саҷдаи тиловат ҳатмист?
Савол:

Ҷавоб:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳӯ. Саҷдаи тиловат воҷиб мегардад, агар яке аз ин се амр анҷом гирад. Якум: шахсе ояти саҷдаро хонд, он чизеро хонда буд, худ шунида буд ё нашунида буд, саҷдаи тиловат воҷиб мегардад, агар ояти саҷда шунид, хоҳ қасди шуниданро дошт ё надошт. Саҷдаи тиловат воҷиб мегардад, онгоҳ ки ба имом иқтидо намуд, ки он имом ояти саҷдаро хонд, хоҳ муқтади ояти саҷдаро шунида бошад ё не.