Савол № 00426

Зане, ки барои рӯза гирифтан ният карда бошад, дар давоми рӯз одати моҳона (ҳайз) бинад, бояд чӣ кор кунад?

Савол:

Зане, ки барои рӯза гирифтан ният карда бошад, дар давоми рӯз одати моҳона (ҳайз) бинад, бояд чӣ кор кунад?

Ҷавоб:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ хоҳари азиз зане, ки баъд аз нияти рӯза дар давоми рӯз ба одати моҳона гирифтор шуд, рӯзаи ҳамонрӯзааш эътибор надорад ва рӯзаашро мехӯрад. Аммо хуб аст, ки барои эҳтироми рӯза дар пеши омма чизе нахӯрад, баъд аз сипарӣ шудани оддати моҳона рӯзаашро идома диҳад ва рӯзҳои одати моҳона хӯрдаашро қазо дорад. («Субҳун-нурӣ», саҳ. 333-336)

2016-06-02
3899
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:05
Пешин12:40
Аср15:16
Шом17:14
Хуфтан18:44