Савол № 00427

Нафаре, ки рӯза нагирифтааст, намози таровеҳ ва панҷ вақт намози хондааш қабул мешавад?

Савол:

Нафаре, ки рӯза нагирифтааст, намози таровеҳ ва панҷ вақт намози хондааш қабул мешавад?

Ҷавоб:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ бародари азиз, рӯза ибодати алоҳида, намоз ибодати алоҳида аст. Он нафаре, ки рӯза намедорад, агар намози таровеҳ гузорад, намози гузоридааш дуруст мешавад ва умед аст, ки барои намозҳои таровеҳаш соҳиби аҷру подош гардад, вале барои бидуни узр надоштани рӯза гунаҳгор мегардад, зеро хондани намози таровеҳ ва пардохти садақаи фитр бо рӯза доштан ва ё надоштан рабте надорад, чунонки дар боло зикр шуд. («Фатовои Қозихон», саҳ. 110-111)

2016-06-02
4111
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:05
Пешин12:40
Аср15:16
Шом17:14
Хуфтан18:44