Савол № 00428
Ассалому алайкум! Агар занеро барои шаҳват никоҳ кунӣ, чӣ мешавад?
Савол:
Ассалому алайкум! Агар занеро барои шаҳват никоҳ кунӣ, чӣ мешавад?
Саволдиҳанда:Илҳом
Ҷавоб:
Ва алайкуммуссалом бародари азиз. Инсон дар табиати худ тибқи фармудаи Ислом дорои ду оташ аст, яке оташи шаҳват, дигаре оташи ғазаб. Оташи шаҳвати инсон ба сабаби издивоҷ хомӯш мегардад, аз ин лиҳоз издивоҷ худ суннати анбиё аст. Расули Худо (с) фармудаанд: «Никоҳ суннати ман аст, касе аз суннати ман рӯй гардонад, ӯ аз уммати ман нест». Никоҳ дар баъзе маврид фарз, дар баъзе ҳолат макрӯҳ ва дар баъзе ҳолат ҳаром аст. Қавли саҳеҳ ин аст, ки суннати муаккада аст. Аммо никоҳ дар ҳолате фарз аст, ки ба шахси муҷаррад эҳтимоли хатари ба фаҳшо кашида шудан вуҷуд дошта бошад. Агар хавфи талафи ҷон бошад, дар ин сурат макрӯҳ аст ва агар яқин дошта бошад, ки зулм дар ҳаққи ҳамсар мешавад, никоҳ ҳаром аст. («Субҳун-нурӣ» шарҳи «Мухтасари Қудурӣ», ҷ. 2-юм, саҳ.142-143).
Инчунин дар китоби «Раддулмуҳтор» омадааст: «Никоҳ суннати муаккада аст, касе онро тарк кунад, осӣ мегардад. Агар дар никоҳ нигоҳ доштани худро аз ҳаром қасд дошта бошад ё талаби фарзанд кунад, савоб меёбад ва агар қасди рондани шаҳват ё лаззат кунад, савоб намеёбад ва иқоб ҳам нест». (ҷ. 3, саҳ.7)