Савол № 00434

Ба мо дар бораи закот мефаҳмондед. Аз чанд сомонӣ боло соҳиби закот мегарданд ва аз чанд сомонӣ чанд сомонӣ закот додан лозим? Агар сӯм дореду барои харидории хона ё замин кӯшиш карда истодаед, дар ин ҳолат чӣ гуна фатво аст, илтимос васеътар фаҳмонед. Пешакӣ аз шумо миннатдорем.

Савол:

Ассалому алайкум. Ба мо дар бораи закот мефаҳмондед. Аз чанд сомонӣ боло соҳиби закот мегарданд ва аз чанд сомонӣ чанд сомонӣ закот додан лозим? Агар сӯм дореду барои харидории хона ё замин кӯшиш карда истодаед, дар ин ҳолат чӣ гуна фатво аст, илтимос васеътар фаҳмонед. Пешакӣ аз шумо миннатдорем.

Саволдиҳанда:Муродалӣ.

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу, бародари азиз. Нисоби закот дар соли ҷорӣ мувофиқи  қарори Шӯрои уламо 17400 сомонӣ муайян шудааст, ки аз он 435 сомонӣ закот воҷиб мегардад. Агар шахсе барои харидани хона ё замин маблағе ҷамъ карда бошад, вале пас аз як соли соҳиби нисоб шудан  на хона харида тавонист ва на замин, дар ин сурат закоташро адо мекунад. Аммо агар пеш аз гузаштани сол онро сарф кунад ва миқдори нисоб кам шавад, дар ин сурат закот воҷиб намешавад.

2016-06-09
5023
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:05
Пешин12:40
Аср15:15
Шом17:13
Хуфтан18:43