Савол № 00439

Дар вақти рӯза оббозӣ кардан мумкин аст? Масалан дар дарё ё дар ҳаммом. 2. Рӯза ба киҳо ва аз чандсолагӣ фарз аст? 3. Ба кадом шахсон рӯза доштан фарз нест? 4. Намози таровеҳро дар хона танҳо хондан мумкин аст? Агар мумкин бошад, чӣ тавр?

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ. Саволҳо дар боби рӯза: 1. Дар вақти рӯза оббозӣ кардан мумкин аст? Масалан дар дарё ё дар ҳаммом. 2. Рӯза ба киҳо ва аз чандсолагӣ фарз аст? 3. Ба кадом шахсон рӯза доштан фарз нест? 4. Намози таровеҳро дар хона танҳо хондан мумкин аст? Агар мумкин бошад, чӣ тавр? 

Саволдиҳанда:Шаҳром.

Ҷавоб:

1. Агар рӯзадор дар моҳи Рамазон оббозӣ кунад, рӯзааш намешиканад, аммо кӯшиш кунад, ки дар даҳону биниаш об надарояд, зеро яке аз ёрони Паёмбари Худо (с) мефармояд, ки ман Паёмбари Худо (с)-ро дар Арҷ дидам, ки дар ҳоли рӯза аз ҷиҳати ташнагӣ ё шиддати гармӣ бар сари худ об мерехтанд. (Ривояти Абӯдовуд). Ҳамчунин дар китоби «Ал-Фиқҳул-исломийю ва адиллатуҳу», ҷ. 3, с. 1710 -11 дар мавриди чизҳое, ки рӯзаро намешикананд, овардааст: «Ҳафтум: ғусл кардан ё шиноварӣ, печонидани либоси тар дар бадан барои дур намудани ҳарорат». Аз ин далелҳо бармеояд, ки оббозӣ кардан рӯзаро намешиканад, вале эҳтиёт кардан дар ин маврид беҳтар аст.

2. Рӯзаи моҳи Рамазон дар мазҳаби ҳанафӣ бар шахси мусалмони солими оқилу болиғ ва пок аз ҳайзу нифос фарз аст. («Ал-фиқҳул-исломӣ ва адиллатуҳу», ҷ. 3, саҳ. 1679)

Писар вақте ба балоғат мерасад, ки аз ӯ яке аз ин ҳолатҳо пеш ояд: эҳтилом ва инзол. Агар аз ӯ ҳеҷ яке аз ин ҳолатҳо пеш наояд, дар понздаҳсолагӣ ба булуғи ӯ ҳукм карда мешавад. Духтар вақте ба балоғат мерасад, ки аз ӯ яке аз ин ҳолатҳо пеш ояд: эҳтилом ва ҳайз. Агар аз ӯ ҳеҷ яке аз ин ҳолатҳо пеш наояд, дар синни понздаҳсолагӣ ба болиғ шудани ӯ ҳукм карда мешавад.

3. Рӯзаи Рамазон бар шахси кофир, ноболиғ, девона, бемор, ҳоиз ва нуфасо фарз нест. («Ал-фиқҳул-исломӣ ва адиллатуҳу», ҷ. 3, саҳ. 1679)

4. Намози таровеҳро дар хона танҳо хондан агарчи равост, аммо бо ҷамоат хондани он дар масҷид беҳтар мебошад.

2016-06-11
5239
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:05
Пешин12:40
Аср15:16
Шом17:14
Хуфтан18:44