Савол № 00443

ҳамсарам нисбати модарам беҳурматӣ карда истодааст. Модарамро “модар” неву балки “Эй” ё ин ки ҳеҷ чиз нагуфта, гапашро мегӯяд. Ман ба ӯ мегӯям, ки модар гӯй, ин хел беҳурматӣ накун. Аммо ҳамсарам мегӯяд, ки ман шарм медорам. Домулло, Шумо ба ман маслиҳат диҳед

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Домулло як суол дорам. Ба наздикӣ ман оиладор шудам, ҳамсарам нисбати модарам беҳурматӣ карда истодааст. Модарамро “модар” неву балки “Эй” ё ин ки ҳеҷ чиз нагуфта, гапашро мегӯяд. Ман ба ӯ мегӯям, ки модар гӯй, ин хел беҳурматӣ накун. Аммо ҳамсарам мегӯяд, ки ман шарм медорам. Домулло, Шумо ба ман маслиҳат диҳед, ки нисбати занам чӣ чорае бинам, то ки вай гапҳои гуфтаи маро иҷро кунад?

Саволдиҳанда:Фирӯз.

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Тарбияи ҳар оила гуногун аст, аз ин рӯ, шумо дар ин масъалаи ҷузъӣ нисбати бахти худ боэҳтиёт бошед. Аз нигоҳи шариат хусуру хушдоман барои келин ва домод волидайн ҳисоб мешавад. Агар ин амрро ҳамсари шумо дарк кунад, иншоаллоҳ ин мушкилот ҳал мешавад, ноумед нашавед, дар саъю талоши доимӣ бошед, бо равиши нарм ва панду ҳикмат амал кунед. 

2016-06-11
3703
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:07
Пешин12:40
Аср15:28
Шом17:25
Хуфтан18:55