Савол № 00446

Чанд суоле дар бораи рӯза дорам. 1. Кадом шахсон аз рӯзадорӣ озоданд? 2. Фидяи рӯза чанд пул аст? 3. Қасдан шикастани рӯза чӣ ҳукм дорад?

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ. Чанд суоле дар бораи рӯза дорам. 1. Кадом шахсон аз рӯзадорӣ озоданд? 2. Фидяи рӯза чанд пул аст? 3. Қасдан шикастани рӯза чӣ ҳукм дорад?

Саволдиҳанда:Шаҳром.

Ҷавоб:

1. Аз нигоҳи дини мубини Ислом барои шахсони зерин ифтор кардан рухсат аст: Зани ҳомила, зани ширдеҳ, бемор, мусофир. Илова бар ин барои зани ҳоиз ва нуфасо рӯза доштан мамнуъ аст. 2. Фидяи рӯза барои ҳар рӯз 20 сомонӣ муайян шудааст. 3. Қасдан шикастани рӯза гуноҳи кабира аст ва дар он қазову каффорат воҷиб мегардад. (“Фиқҳи муяссар”, с. 212-220)

2016-06-12
4480
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:05
Пешин12:40
Аср15:16
Шом17:14
Хуфтан18:44